Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи Бадахшон – қаҳрамони волейболи Тоҷикистон


Дастаи мардонаи волейболи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон қаҳрамони Тоҷикистон гардид.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни мардон, ки дар толори бозиҳои дастии пойтахти кишвар сурат гирифт, ҳашт даста аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат кард.

Дастаи ВМКБ, ки дар сабқати гурӯҳӣ бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуд, дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Душанбе-1» бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Ба иттилои мураббии дастаи ғолиб Нағзибек Ашӯрмамадов, волейболбозони Бадахшон шурӯъ аз соли 1992 барои бори 12-ум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтанд.
XS
SM
MD
LG