Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши сарони иқтисодҳои бузурги навпои ҷаҳон


Раҳбарони чаҳор иқтисоди бузурги навхостаи ҷаҳон, Бразилия, Русия, Ҳинд ва Чин (ِBRIC) имрӯз дар ҳамоиши дурӯзае дар пойтахти Бразилия ҷамъ меоянд. Ин дуввумин нишасти расмии сарони чаҳор кишвар аст ва қарор аст, онҳо дар ҳамоиши мазкур дигарбора хостори нақши бештар дар низоми иқтисодии дунё шаванд. Дар нишасти аввали худ дар шаҳри Екатеринбурги Русия, сарони ин иқтисодҳои навпои бузурги ҷаҳон, хостори бознигарии муқаррароти низоми молӣ ва ҳаракат барои пазириши як арзи нави байналмилалӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG