Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Чин афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни заминларзаи вайронгар дар ғарби Чин афзоиш ёфтааст. Бар тибқи иттилоъи хабаргузории расмии Синхуа, бар асари заминларзаи рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаи Тибет, то кунун тақрибан 590 нафар ҳалок шудаанд ва бими он меравад, ки теъдоди қурбониён боз ҳам бештар бошад, чаро ки афроди зиёде зери овор мондаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, заминларза тақрибан 85 дар сади манзилҳои минтақаи Юшуро вайрон кардааст, ки бисёре аз онҳо хонаҳои чубиву гилин будааст.
XS
SM
MD
LG