Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷабри фалокати табиӣ ба 9 ноҳияи Тоҷикистон


Муассисаҳои имдодӣ мегӯянд, ки бар асари боришоти зиёди рӯзи 11 апрел, 18 рустои Тоҷикистон осеб дида ва ду нафар ҳалок шудааст. Федератсиюни байналмилалии салиби сурх ва ҳилоли аҳмар, бо нашри иттилоъияе гуфт, боришоти зиёд то кунун ба 319 манзили истиқоматӣ осеб расонда ва 5 манзилро комилан вайрон кардааст. Фалокати табиӣ, ҳамчунин дар ҳашт ноҳияи Тоҷикистон, бахусус ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба чаҳор мактаб, нӯҳ пул ва 5 километр роҳ садама задааст. Боришоти зиёд сабаби обзехӣ дар ноҳияҳои Восеъу, Шурообод, Муминобод, Сарбанд, Кулоб, Истарашан, Файзобод, Варзоб шуда ва ҳамчунин хатари лағшихи хок ва осеб дидани рустоҳои дигарро афзудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG