Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳод барои бознигарии қимати роҳи пулакӣ


Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин вазорат хостааст, то қиммати ҳаракат аз ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон бознигарӣ шавад. Роҳи Душанбе-Чаноқ, ки шимоли кишварро бо Душанбе мепайвандад, ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст ва ин таҷриба мояи норозигии мусофирону ронандагони зиёде шудааст, ки пайваста аз ин роҳ равуо мекунанд. Олим Бобоев, зимни сӯҳбати мустақим бо корбарони вебсайти РО гуфт, ба андешаи вай, қиммати истифода аз роҳ болотар аз он аст, ки бояд бошад ва аз ин рӯ вазорат ба ниҳодҳои марбут пешниҳод кардааст, то қимати роҳро бознигарӣ кунанд. Олим Бобоев дирӯз ба тақрибан 200 суоли корбарони вебсайти Радиои Озодӣ посух гуфт, ки аксари суолҳо ҳам доир ба роҳи Душанбе- Чаноқ буд.
XS
SM
MD
LG