Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди вазири дифоъи Олмон аз Афғонистон


Карл Теодор Гуттенберг, вазири дифоъи Олмон, дирӯз вориди Афғонистон шуд ва ду ҳафта баъди он ки ҷангҷӯёни Толиб се сарбози кишварашро куштанд. Пеш аз сафараш ба шаҳри Қундуз, Теодор Гуттенберг, аз қароргоҳи нерӯҳои 4500 нафарии Олмон дар шаҳри Мазори Шариф дидан кард. Бо ҳалокати се сарбози олмонӣ дар рӯзи 2 апрел дар Қундуз, талафоти нерӯҳои Олмон дар Афғонистон ба 39 нафар расид. Дар ҳамон рӯз, сарбозони олмонӣ, шаш сарбози афғони савори мошини ғайринизомиро душман пиндошта ва куштанд. Нерӯҳои Олмон аз соли 2002 дар Афғонистон ҳузур доранд ва аз назари теъдод танҳо аз нерӯҳои Амрикову Бритониё камтар аст.
XS
SM
MD
LG