Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА мегӯяд, омодаи кӯмак ба Қирғизистон аст


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, омода аст ба давлати муваққат дар Қирғизистон кӯмак кунад. Роберт Блейк, дипломати баландпояи вазорати умури хориҷаи Амрико, дар ин бора баъди мулоқоташ бо Роза Отунбоева, раҳбари давлати муваққати Қирғизистон сухан гуфт ва афзуд, ки аз иқдомоти аввалини анҷомдодаи ин давлат “хушбин” аст. Роза Отунбоева гуфт, раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев, ки баъди шӯридани мардум алайҳи ҳукуматаш аз Бишкек фирор кард, бояд муҳокима шавад. Дирӯз дар шаҳри Ҷалолобод, зодгоҳи Боқиев, тарафдорону мухолифони ӯ тазоҳуроти алоҳида баргузор карданд. Ҳамчунин Русия дирӯз гуфт, ки ба Қирғизистон 50 миллион доллар қарз хоҳад дод, чун ба гуфтаи давлати муваққат, дар буҷаи давлат баъди суқути раиси ҷумҳур холӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG