Пайвандҳои дастрасӣ

Арзёбии як генерали амрикоӣ аз тавонии атомии Эрон


Як мақоми баландпояи низомии Амрико дирӯз гуфт, Эрон қодир аст, дар зарфи як сол ураниуми ғанисозишудаи лозим барои як бомби атомиро ҳосил кунад, аммо барои дастёбӣ ба қобилияти сохти чунин бомб ғолибан аз се то ба панҷ сол ниёз хоҳад дошт. Генерал Ҷеймс Картрайт, муовини фармондеҳи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳид, дар ин бора зимни гузориш ба Кумитаи дифоъи сенати Амрико дар Вашингтон сухан гуфт. Ҷеймс Картрайт гуфт, чунин тахмини ӯ, ҷанбаи таърихӣ дорад ва “лузуман дар бораи вазъияти Эрон нест.”
XS
SM
MD
LG