Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷеф Гедмин, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба суолҳои сардабири ҳафтаномаи “Миллат” Адолати Мирзо посух дод. Ин сӯҳбат роҷеъ ба собиқаи кор ва ояндаи Радиои Озодӣ буда, дар телевизони СМТ ва ҳафтаномаи "Миллат" нашр шудааст.

Президенти Озодӣ гуфтааст, вазифаи мо кӯмак ба ҷараёни озодии маълумот, иттилоот, хабар ва баҳси озоди андешаҳо мебошад.

Ҷеф Гедмин ба суоли он ки “чӣ посухе ба ин иттиҳом доред, ки мегӯянд, ҳадафи Радиои Озодӣ рӯи кор овардани ҳукуматҳои амрикогарост”, гуфтааст, “тағйири ҳукуматҳо вазифаи мо нест. Мо як миссия дорем, ки он ҳам тақдими хабару маълумот, баҳси ҳирфаӣ, барқарории ҳокимияти қонун, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эҳтироми ҳуқуқи башар мебошад”.

Ҷеф Гедмин гуфтааст, “Амрико ҳадди ақал бо се далел таваҷҷӯҳ ба минтақаи Осиёи Марказиро аз даст намедиҳад. Аввалан, аз назари эҳтироми ҳуқуқи башар, дуюм аз назари мавқеъи ҷуғрофӣ ва манобеи саршори табиӣ ва сеюм ин, ки дар Осиёи Марказӣ заминаи потентсиалии рушди ҷумбишҳои ифротгарои исломӣ вуҷуд дорад”.

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки чанде пеш аз Афғонистон дидан кардааст, ҳамчунин гуфтааст, ки нақша дорад аз Тоҷикистон низ боздид кунад.

Бахше аз ин мусоҳибаро, ки шакли комили он дар шумораи 15 -уми ҳафтаномаи "Миллат" ва барномаи шоми панҷшанбеи Симои Мустақили Тоҷикистон нашр шудааст, метавонед бубинед:


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG