Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тайи ду рӯзи ахир телевизиони Тоҷикистон таблиғу ташвиқи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро қатъ кардааст. Ин тағйирот дар пайи изҳороти раҳбари намояндагии Сандуқи байнулмилалии пул дар Душанбе сурат гирифтааст.

Аксел Шиммелпфенниг, раҳбари намояндагии Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон, ахиран эълон кард, маъракаи тарғибу ташвиқи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон поён меёбад.

Оқои Шиммелпфенниг аз қавли мақомоти Тоҷикистон гуфт, ин тасмим ба далели кунд шудани харидории саҳмияҳо гирифта шудааст.

Вай афзудааст, дар оғози сол хариди саҳмияҳо хеле хуб ба назар мерасид, аммо ҳоло хариди саҳмияҳо ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Коҳиши хариди саҳмияҳои Роғун

Тоҷикистон саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун ба маблағи умумии 6 миллиард сомониро аз рӯзи 6 январ ба фурӯш гузошт ва бо ҳадафи ҷалби пули бештар тамоми васоили маъмуриеро, ки дар ихтиёр дошт, ба кор бурд.

Вале агар тайи се ҳафтаи аввали ин маърака аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо қариб 700 миллион сомонӣ ба дасти Душанбе омада бошад, сипас суръати саҳмияфурӯшӣ ба шиддат кунд шудан гирифт.

Ҳукумати Тоҷикистон барои итмоми давраи аввали сохтмон 1,3 миллиард доллар пешбинӣ карда буд, аммо Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, барои ин марҳала 600 то 800 млн доллар зарур аст, ки ин маблағҳоро Тоҷикистон наметавонад дар дохил пайдо кунад.

Ҷамъоварии 184 миллион доллар

Тибқи иттилои расмӣ, то ба ҳол барои сохтмони Роғун ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо 184 миллион ва аз буҷаи давлатӣ 150 миллион доллар дар даст дорад.

Сарвари намояндагии Бунёди байнулмилалии асъор дар масоили Тоҷикистон низ ба мутолиаи фанниву иқтисодӣ ё ТЭО-и Роғун ишорат кард, ки аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ анҷом мешавад.
Консорсиюми нерӯгоҳро низ ин бонк ташкил хоҳад кард.

Сарнавишти Роғун чӣ хоҳад шуд?

Дар чунин ҳол суоле пеш меояд, ки сарнавишти ояндаи Роғун чӣ хоҳад шуд? Оё талаби дигари Ӯзбакистон дар мавриди тавқифи ин сохтмон дар ҷараёни мутолиоти фанниву иқтисодӣ ё ТЭО низ пазируфта хоҳад шуд?

Як масъули ҳукумати Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, роҳи бозгашт ё таваққуф барои ҳукумат вуҷуд надорад.

Сироҷиддин Саидов, сардори раёсати сохтмонҳои асосии вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мавзӯъ намехоҳад сӯҳбат кунад.

Ниёз ба кумаки хориҷӣ

Аммо коршиносон эҳтимоли пеш омадани ҳамчунин як интихоб барои Тоҷикистонро баид намедонанд, зеро маълум мешавад, худи кишвар тавоноии сохтани тарҳро надорад ва онҳое, ки сармоя тахсис медиҳанд, дер ё зуд ин гуна талабро пеши Тоҷикистон шояд гузоранд.

Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси умури эенержӣ, мегӯяд, ҳеҷ як аз кишвари ҳамсоя, созмони байнулмилалӣ ё хориҷӣ ҳуқуқи дахолат ба корҳои дохилии Тоҷикистонро надоранд ва ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҳаққи маънавии ба тавқиф гузоштани корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳро нахоҳад дошт, зеро ин масъала ҷанбаи сирф фаннӣ дорад.

20 апрел ба Тоҷикистон бояд ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ояд, ки тайи якуним соли оянда мутолааи фанниву иқтисодии нерӯгоҳи Роғунро анҷом хоҳанд дод.

Коршиносон мегӯянд, ин гардиши нав ва оғози марҳалаи мушкилтарин дар қазияи пурсарусадои Роғун хоҳад буд ва аз ҳукумати Тоҷикистон вобаста аст, ки аз ин бунбаст чӣ гуна хориҷ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG