Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни тӯфон афзоиш ёфт


Тибқи иттилоъи ахиран расида, бар асари тӯфони шадид дар аёлатҳои Биҳор ва Банғолияи ғарбии Ҳиндустон дасти кам 89 ба ҳалокат расиданд. Айни ҳол дар ин аёлот корҳои наҷотбахшӣ идома доранд. Наҷотбахшон гуфтанд, ки ҷасадҳои 39 тан аз қурбониёни офати табииро пайдо кардаанд. Тӯфон дар ин минтақа шоми рӯзи сешанбе ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, бештари қурбониён бар асари тахриби манзилҳояшон ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, ки тӯфон беш аз 50 ҳазор манзил ва хаттҳои телефону барқро хароб кардааст.
Тӯфон ба манотиқи ҳаммарзи Бангладеш ҳам осеб расондааст. Офати табиӣ мунҷар ба ҳалокати панҷ сокини ин кишвар гардид.
XS
SM
MD
LG