Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи муҳокимаи Караҷич дар додгоҳи байналмилалӣ


Дар Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ё Гаага мурофиаи додгоҳии раҳбари пешини сербҳои Боснӣ Радован Караҷич аз сар гирифта шудааст. Ӯ барои наслкушӣ ва ҷиноёти ҷангӣ муттаҳам мешавад.

Радован Караҷич дар ин мурофиа бо шоҳидони ҳаводиси ҷанг дар Боснӣ дар солҳои 1992-1995 рӯ ба рӯ шуд.

Аввалин шоҳид дар мурофиаи додгоҳӣ оид ба ҷиноёти низомии раҳбари пешини сербҳои Боснӣ Радован Караҷич аз хилофкориҳои нерӯҳои таҳти назорати ӯ баёнот дод.

Баъд аз шурӯъи ин мурофиа дар моҳи октябри соли гузашта барои нахустин бор шоҳиди ҳаводиси хунини тақрибан 20 соли пеш ба Додгоҳи ҷиноёти низомии Ҳейг ваё Гаага даъват шудааст. Баёноти Аҳмад Зулич дар мурофиа дар ҳоле қироат шуд, ки худи ӯ дар толор ҳузур дошт.

Зулич, як мусалмони Боснӣ, дар баёноташ, аз ҷумла, шароити тоқатфарсои боздоштгоҳҳои канори Сански Мост, воқеъ дар шимолу ғарби Босниро, тасвир кардааст. Аз рӯи баёноти ӯ, соли 1992 сарбозони серб ҳадди аққал 20 мардро ба қатл расониданд ва аммо аз ин пеш маҷбурашон карданд, ки барои худашон гӯр бикобанд.

Додситон баёноти ӯ дар мавриди шароити интиқоли боздоштшудаҳо ба қароргоҳи Манячаро қироат кард: “7 июли соли 1992 ба Зулич ва 63 боздоштшудаи дигар амр шуд, ки дар рӯзи тафсон ба мошини боркаш савор шаванд. Қабл аз нишастан ба мошин онҳо мавриди лату кӯби шадид қарор гирифтанд. Болои мошин бо брезент пӯшонида шуда буд. Роҳ то Маняча чанд соат идома кард. Бар асари ҳавои тафсон ва нарасидани ҳаво бештари боздоштшудаҳо дар роҳ то Маняча ба ҳалокат расиданд”.

Ҳангоми қироати баёнот Караҷич бо диққат гӯш медод, зеро, тибқи қонун, ӯ ҳақ дорад баъд аз хатми қироати баёнот шоҳидро пурсуҷӯ кунад. Ҳамчун раҳбари сербҳои Боснӣ дар солҳои 1992-1995 Караҷич барои ҳама қонуншиканиву ҷиноёте, ки нерӯҳои таҳти фармонаш содир кардаанд, масъул аст.

Додситон он қисмати баёноти Зуличро низ қироат кард, ки дар он аз мусодира шудани молу амволи хонумаш сухан рафтааст. Аҳмад Зулич навиштааст, ки моҳи декабри соли 1992 масъулини шаҳрдории Сански Мост хонумашро маҷбур кардаанд, то санадеро имзо кунанд, ки бар пояи он ҳама моликияташ ба ихтиёри мақомоти серб гузаштааст. Ӯро ҳамчунин водор кардаанд, ки барои тарки минтақа маблағ пардохт кунад.

Дар мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомоти калидӣ алайҳи Караҷич – раҳбарии пинҳонӣ ба муҳосираи 44-рӯзаи шаҳри Сараево ва қатли оми тақрибан 7 ҳазор мардҳову наврасони мусалмон дар Сребренитса маҳсуб мешаванд.

Ба иттилоъи хабаргузории Ассошейтед Пресс, ба думболи Зулис дигар шоҳид, Сулаймон Грнчало ба мурофиа даъват мешавад, ки хонумаш иҷборан аз минтақаи таҳти назорати нерӯҳои Караҷич дар Пале ба Сараево интиқол дода шуда ва соли 1995 бар асари бомборон ба ҳалокат расидааст.

Қарор аст, ки дигар шоҳидон, аз ҷумла, дипломатҳое, ки масъули таъмини амният дар Боснӣ буданд, ба мурофиа даъват шаванд.

Караҷич ҳама иттиҳомотро рад мекунад, ӯ қаблан куштор дар Сребренитсаро “афсона” хонда ва масъулияти дигар ҷиноётро бар дӯши худи мусалмонҳо гузошта буд.

Радован Караҷич соли 2008 дар Белград баъд аз 13 соли фирор боздошт шуд. Дар сурати тайид шудани иттиҳомот ӯ ба ҳабси абад маҳкум мешавад. Дигар аз муҷримони ҷиноёти низомӣ дар Боснӣ, фармондеҳи пешини сербҳо Ратко Младич, то ҳол дастгир нашудааст.
XS
SM
MD
LG