Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Хорватия аз мардуми Босния узр хост


Иво Иосипович, раисиҷумҳури Хорватия, аз мардуми Босния барои ҷиноёте, ки хорватҳо замони ҷанги солҳои 90-ум дар Босния содир кардаанд, маъзарат хост. Иосипович имрӯз сафари дурӯзаи худ ба Боснияро шурӯъ кард. Зимни суханронӣ дар Сараево ӯ изҳор намуд, ки Хорватия хостори шукуфоии ҳамсояаш - Босния мебошад.
Қарор аст рӯзи панҷшанбе раисиҷумҳури Хорватия аз ду деҳае дидан кунад, ки соли 1993 гурӯҳҳои мусаллаҳи хорватҳои Босния дар маҷмӯъ 170 нафар аз мардуми осоишта – мусалмонҳои маҳаллиро эъдом кардаанд.
XS
SM
MD
LG