Яке аз меҳмонсароҳои шаҳри Копеҳаген, пойтахти Дания, ба мизоҷон пешниҳод кардааст, ки нерӯи барқ тавлид кунанд ва бар ивази ин ройгон таоми шом бихӯранд. Ба иттилоъи хабаргузории Рейтер, шурӯъ аз моҳи июн меҳмонони ҳотел метавонанд дар велосипедҳои бо генераторҳои тавлиди барқ васлшуда машқ кунанд. Ҳар касе, ки на камтар аз 10 киловатт-соат нерӯи барқ тавлид мекунад, метавонад соҳиби таоми шоми қиматаш тақрибан 44 доллар шавад.