Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоме барои ҳифзи иштирокчиёни мурофиаҳои додгоҳӣ


Порлумони Тоҷикистон Созишнома дар бораи ҳифзи иштирокдорони мурофиаҳои додгоҳиро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ин созишнома соли 2006 миёни кишварҳи узви Ҷомеаи муштаракулманофеъ ба имзо расидааст.

Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон, ки мӯҳтаво ва аҳамияти Созишнома дар бораи ҳифзи иштирокдорони мурофиаи додгоҳӣ дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро тавзеҳ мекард, гуфт, то кунун дар қонунҳои миллии Тоҷикистон чунин механизми мушаххасе, ки ҳамаи ҷонибдорони мурофиаи додгоҳиро ҳимоят кунад, вуҷуд надошт.

Давлат танҳо додрасону муфаттишон ва таъқибкунандаҳоро ҳимоят мекард. Вале иштирокдорони дигари мурофиаи додгоҳӣ, аз ҷумла айбдоршаванда, гумонбар, коршинос ва шоҳидон аз ҳимоят ва ё ҳифозати давлатӣ бархурдор набуданд.

Муҳаммадалӣ Ватанов мегӯяд, вазифаи асосии кишварҳое, ки ин санадро ба имзо расонидаанд, мутобиқ кардани қавонини миллии худ бо меъёрҳои ин созимшнома аст ва давлати Тоҷикистон низ зимни ислоҳи Кодекси мурофиавӣ-ҷиноияш ин тақозоро ба эътибор гирифтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки набудани ҳимояти ҳуқуқии иштирокдорони мурофиаҳои додгоҳӣ, бахусус ҷабрдидагон ва шоҳидон борҳо боиси судури ҳукм ва қарорҳои ноодилона дар додгоҳҳои Тоҷикистон шудааст.

Бархе аз додрасҳои тоҷик низ иқрор мекунанд, ки ба далели иваз шудани шаҳодати шоҳидон борҳо қазияҳои додгҳӣ дучори бунбаст шудааст.

Анвар Аҳмадов, додраси додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шоҳидон аз тарси ҷон ва гоҳо аз тарси фишору таъқиби мабодо дар мурофиаҳо шаҳодати худро тағйир медоданд ва ё аз гуфтаҳои қаблии худ комилан даст мекашиданд.

Ойниҳол Бобоназарова, аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мегӯяд, ин санад дар амри ҳимояти ҳуқуқи инсон ва махсусан судури аҳкоми одилона бағоят муҳим аст. Зеро ҷабрдидагон ва шоҳидон ду тарафи асосии мурофаҳои додгоҳӣ дар аксарияти маворид таҳти фишори мақомот қарор мегирифтанд, вале азбаски аз ҷониби давлат ҳимоят намешуданд, ба ҷое шикоят бурда наметавонистанд.

Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки ин санад кафолати амнияти ҳаёту саломати иштирокдорони мурофиаи додгоҳӣ, яъне ҷабрдида, айбдоршаванда, гумонбар, шоҳид ва коршиносон ва ҳифзи молу мулки онҳоро таъмин хоҳад кард.

Бар пояи ин санад мақомот метавонад барои ҳифзи иштирокдорони мурофиа чораҳои ҳимояткунандаеро ба мисли муваққатан ба ҷойи дигар кӯчонидан, иваз намудани асноди ӯ ва ҳатто тағйири симои зоҳирӣ, табдили ҷойи кору таҳсилро ба иҷро дароварад.
XS
SM
MD
LG