Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфон дар Банғолия мунҷар ба ҳалокати 60 нафар шуд


Теъдоди қурбониёни тӯфон дар аёлати Банғолияи ғарбии Ҳиндустон ба 60 нафар расид. Тӯфон дар ин аёлат шоми рӯзи сешанбе ба вуқӯъ пайваст. Теъдоди афроде, ки бар асари ин офати табиӣ осеб дидаанд, то ҳол мушаххас нашудааст. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, бештари қурбониён бар асари тахриби манзилҳояшон ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, ки тӯфон беш аз 50 ҳазор манзил ва хаттҳои телефону барқро хароб кардааст.
XS
SM
MD
LG