Пайвандҳои дастрасӣ

Боқиев шартҳои нави музокиротро пеш гузошт


Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев изҳор намудааст, ки барои баррасии мавзӯъи интиқоли қудрат ба ҳукумати муваққат омода аст. Ҳомии ҳуқуқи башар Толекан Исмоилова баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳур дар Ҷалолобод изҳор намуд, ки Боқиев таъмини амнияти шаҳрвандон, хатми хушунату ғорат, тартибу низом дар мақомоти умури дохила ва артишро чун шартҳои аслии музокирот бо ҳукумати нав номбар кардааст.
Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, раиси ҳукумати муваққат Роза Отунбоева имкони гуфтушунид бо Боқиевро баъйид намедонад ва аммо мегӯяд, ки талаби ӯ барои кафолати амнияти аҳли хонавода ва пайвандонаш ғайри қобили қабул аст. Отунбоева бори дигар изҳор намуд, ки Боқиев бояд ба додгоҳ кашида шавад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи расмӣ, теъдоди қурбониёни ҳаводиси рӯзҳои 7 ва 8 апрел дар Бишкек ба 84 расид. Беш аз 500 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон таҳти назари табибон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG