Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи пурқурбонӣ дар Чин


Мақомоти Чин гуфтанд, ки бар асари заминларзаи шадид дар дар вилояти Синғай, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар, тақрибан 400 нафар кушта шуда, теъдоди зиёд ба шумули кудакон зери сангу хок монданд. Ҳамчунин бар асари ин заминларза, ки тавонаш тақрибан 7 дараҷаи Рихтер буд, ҳудуди 8 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд. Бар асари сангрез васоили мухобира ва хатти интиқоли барқ хароб шудааст.
Маркази заминларза дар минтақаи Юшу, дар ҳамсоягии Тибет, воқеъ буд. Хабар дода мешавад, ки наҷотбахшон 32 нафарро аз зери харобаҳо берун кашидаанд.
XS
SM
MD
LG