Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пас аз ҳимояи бомуваффақияти номзадӣ дар академияи улум, ман дар назди дарвозаи бозори калони шаҳрамон чарчинфурўшӣ мекунам. Ҳамроҳи писарам. Вай ҳам дар донишкада ба наздикӣ ҳимояи дипломӣ дорад. Бинобар ин, танҳо пас аз нисфирўзӣ ба ёрии ман меояд.

Дар ҳикояи гузашта ман изҳори ақида карда будам, ки чаро мо донишкадаю диплом дорему, лекин заводи мошинбарорӣ надорем.

Шахсан ман дар вақташ донишкадаи техникиро бо баҳои аълою дипломи сурх хатм карда будам. Аз ин рӯ, ман ба қароре қатъие омадам, ки боқимондаи он мошини таги тирезаи хонаамро, ки ҳамагӣ бист сол боз кўдакон онро ҳангоми «ҷанг»-ҳои дохилимаҳаллиашон ҳамчун танк истифода мебаранд, ба кор дарораму, бо ҳамин восита ба сохтмони аввалин заводи мошинсозии шаҳрамон поя гузорам

Соҳиби ҳақиқии ин мошин кайҳо ба Исроил кўчида рафту, аз чӣ сабаб бошад, мошинашро набурд. Ин тамғаи мошин дар байни мардум аслан бо ду «ном» муаррифӣ карда мешавад. Як намуди одамон онро «ностуфкунак» меноманд. Намуди дигарашон ин мошинро ҳамчун «зиреҳпўши яҳуд» мешиносанд.

Ҳангоме, ки ман «зиреҳпўш»-ро аз соҳибони наваш, яъне кўдакон ва мушону замбурон озод мекардам, ҳамсояам, ки доим аз Хитою Бишкек бор мебиёрад, ба берун баромада, аз ман пурсид:
- Ҳа, ту чӣ дар атрофи ин ностуфкунак ҷумуҷўл дорӣ?
- Мошин месозам,- гуфтам бо фахр ва қатъияти марди кордон.
- Калонтар соз,- маслиҳат дод ҳамсоя,- бори бисёр ғунҷад, пикап барин.
- Месозам...

Пас аз чанде депутати дар ошёнаи сеюми бинои мо зиндагӣ мекардагӣ баромад. Як ба соаташ нигоҳ карду, дарҳол ба шикоят сар кард:
- Мошинам дер кард... Ту дар атрофи он «мурғонча» чӣ меҷўӣ, ҳамсоя?
- Мошин месозам...
- Ҳа-а... Васеътар соз. Шишаҳояшро сиёҳ кун. Ҳатман «бар» дошта бошад. Ҷои пешхизмат, сауна...
- Майлаш. Кўшиш мекунам...

Ман ба хона даромада, қаламу коғаз ва асбоби нақшакашӣ баровардам. Дар берун маро аллакай муллои маҳалла интизор буд.
- Шунидам ки мошин месозӣ... Кори савоб. Қибланамояшро муайян карда мон. Таҳоратхона дошта бошад. Агар илоҷашро ёбӣ, дар ягон кунҷаш як масҷидча... Пули гилему ҷойнамозашро ман худам аз мардум меғундорам... Хайр, ман рафтам. Вагарна намозам қазо мешавад.

Ман ба андеша фурў рафта, кай пайдо шудани ҷавони қадбаланди айнаки сиёҳ пўшидаро нафаҳмида мондам.
- Гўш кун, брат мошинатро ман мехарам, - бе салому алек якбора ба савдо даромад ў, - короче, дар қафояш ду тўп, яъне, пушка мемонӣ. Бо тўпҳои 45мм. Аз ин калонтараш ба мошин вазнинӣ мекунад. Дар боло, ду автоматчию як пулемётчӣ бас. Аз ду тараф ду мушаки класси «замин-ҳаво-замин»-ро ҷойгир мекунӣ. Мушакҳоро ман худам меорам... Ҳоӣ, пакана, - ҷеғ зад ў рафиқашро, - ту ҳам барои мошини ояндаамон ягон фармоиш дорӣ?
- Дорам, гуфт пакана,- бигузор мошинро дуқабата ё беҳтараш сеқабата созад. Байни қабатҳо нимметрӣ бошад. кифоя. Сад, саду панҷоҳ кило бемалол меғунҷад... Мо пас аз ду рўз пулашро оварда, мошини тайёрро мебарем. Рафтем Шеф...

Ҷавонмарди айнакпўшу Пакана ҳамон тавре, ки пайдо шуда буданд, ҳамон тавр ғайб заданд.

Милисаи маҳалла омад. Вай дуру дароз мошин ва нақшаро муоина карду, оқибат пурсид: - Ту ба воситаи ҳамин мошин пештахтаи чарчинфурўшиатро васеъ карданӣ ҳастӣ?
- Не, ман... ман аслан, аз ин мошин як киштӣ сохтани будаму лекин оби даҳ соли охир ба таҳхонаи биноамон рехтаистода камӣ кард. То пур шудани таҳхона сабр кардан лозим...
- Ҳамин ту ҳам вақтҳои охир шўх шуда истодаӣ, - паси гарданашро хорида гуфт милиса.
-Ҳозир агар кам-кам шўхӣ накунӣ, мекафӣ, - ман ҳам тахтаю тиракамро ҷамъ кардаму, паси гарданамро хорида ба хона даромадам... Барои одами дипломи сурхдор ҳамин чарчинфурўшӣ ҳам хуб корест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG