Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони 47 кишвари ҷаҳон, ки дар ҳамоиши амнияти ҳастаии Вашингтон ширкат варзиданд, ваъда доданд, ки барои эмин нигоҳ доштани захираҳои маводи ҳастаӣ кӯшишҳояшонро дучанд мекунанд.

Зимни суханрониаш дар ҳамоиш раисҷумҳури Амрико Барак Обама ҳушдор дод, ки агар ал-Қоида миқдори маводи ҳастаии зарурӣ барои сохтани бомбаи атомӣ ҷамъоварӣ кунад, барои ҷаҳон ин як фоҷеае хоҳад буд.

“Маводи ҳастаие, ки онро мешавад, аз тариқи хариду фуруш ё дуздӣ ба даст оварда, аз он силоҳи атомӣ тавлид кард, дар даҳҳо кишвари ҷаҳон мавҷуд аст. Ҳамагӣ миқдори ночизи плутоний баробар ба ҳаҷми як себ метавонад ба садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ осеб расонад. Шабакаҳои террористӣ ба монанди ал-Қоида кӯшиш кардаанд, то маводи ҳастаиро барои тавлиди силоҳи атомӣ ба даст оранд. Ва агар онҳо ягон руз ба ин ноил гарданд, онҳо ин силоҳро бидуни шубҳа истифода хоҳанд кард.”

Раҳбари Амрико, ки стротежии адами густариши силоҳи ҳастаиро думбол мекунад, гуфт, хатари низоъи ҳастаӣ миёни кишварҳои ҷаҳон коҳиш ёфт, аммо хатари ҳамлаҳои атомӣ афзудааст.

Ҳадафи аслии ҳамоиши Вашингтон расидан ба созиш миёни кишварҳои соҳиби маводи атомие мебошад, ки дур нигоҳ доштани маводи ҳастаӣ аз дасти террористон авлавияти мубрами он бошад. Дар ҳамоиш Обама аз тасмими Украина дар бораи даст кашидан аз урани ғализии баланд истиқбол намуда, раисҷумҳури он кишвар Виктор Януковичро ситоиш кард.

Зимни ҳамоиш Кохи сафед кушиш кард, то дастгирии ширкаткунандагонро дар мавриди эъмоли таҳримҳои нави шадидтар болои Эрон барои саркашиаш аз қатъи ғанисозии уран ба даст орад.

Раҳбари Чин Ҳу Ҷинтау гуфт, ки қатъан муқобили паҳншавии силоҳи атомӣ аст, бо вуҷуди ин вай аз истифодаи осоиштаи маводи ҳастаӣ пуштибонӣ намуд. Вазири корҳои хориҷаи Чин Янг Ю гуфт, кишвараш тарафдори стротежии дугона ва дар якҷоягӣ истифодаи ҳам роҳи дипломатӣ ва ҳам имкони эъмоли таҳримҳои байналмилалӣ дар муқобили Теҳрон аст. Вай афзуд, ки фишор ва таҳримҳо мушкилро аз байн бурда наметавонанд.

Дар ин миён Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии ИМА ва ҳамтои русаш Сергей Лавров зери қарордоди коҳиши дуҷонибаи захираҳои плутонийи ҷангӣ имзо гузоштанд. Ҳарду ҷониб имзои қарордодро қадами муҳими таърихӣ номиданд. Сергей Лавров гуфт, барои нобуд кардани 34 тонна плутоний Русия то 2,5 миллиард доллар масраф хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG