Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии таҳримҳои изофӣ алайҳи Эрон


Раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ масъалаи эъмоли таҳримотӣ изофӣ алайҳи Эронро барои барномаҳои баҳсбарангези атомиаш баррасӣ кардаанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, гуфт, кишвараш барои эъмоли таҳримоти қавӣ ва бамавқеъ ва таъсиргузор алайҳи Эрон саъй дорад. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия гуфт, таҳримоти эҳтимолӣ бояд танҳо барномаҳои атомии Эронро ҳадаф гирифта ва ба мардуми оддӣ зарар нарасонад. Маҳмоҳан Сингҳ, нахуствазири Ҳинд, ба Барак Обама гуфтааст, ки кишвараш мухолифи эъмоли таҳрим алайҳи Эрон, зеро ин амр танҳо ба фақирон осеб мерасонад. Ин баёнияҳо дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии амниятӣ ҳастаӣ дар шаҳри Вашингтонро садо дод, ки онро Барак Обама муваффақ хонд.
XS
SM
MD
LG