Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҳамоиши ҳастаиро "муввафақ" хонд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ҳамоиши байналмилалии амниятӣ ҳастаӣ дар шаҳри Вашингтонро муваффақ хонд. Вай гуфт, "Ман бисёр хушҳолам, ки тамоми кишварҳои ҳозир дар инҷо, ҳадафи эълом кардаи ман барои ҳифзи тамоми маводи осебпазири ҳастаӣ дар зарфи чаҳор соли ояндаро пазируфтанд. Ин як тарҳи баландпарвозона аст ва кори осон ҳам нест. Аммо фаврият ва паёмадҳои фалокатбори танҳо як амали терористии атомӣ талошҳои ҷасуронаву амалиро талаб мекунад. Ва ин ҳадафест, ки метавон ба он ноил шуд." Барак Обама гуфт, тамоми раҳбарони 49 кишвари ҳозир дар ҳамоиши Вашингтон ба ин назаранд, ки терроризми атомӣ бузургтарин таҳдид барои амнияти ҷаҳон аст. Дар робита ба Эрон Барак Обама гуфт, кишвараш барои эъмоли таҳримоти сахту саривақтӣ ба зидди Эрон саъй дорад ва Чин ҳам барои таҳияи як чунин тарҳ дар Созмони Милал кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG