Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боқиев мегӯяд, мойил аст, истеъфо диҳад


Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, дар сурате истеъфо хоҳад дод, ки агар давлати муваққат амнияти ӯ ва наздиконашро таъмин кунад. Дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Ҷалолобод, Қурмонбек Боқиев гуфт: "Ман ба шарте истеъфо хоҳам дод, ки онҳо ба гаштугузори мардуми мусаллаҳ ва бесарусомониҳо, ғасбу тақсими моликият хотима диҳанд ва албатта, ва амнияти ману наздиконамро таъмин кунанд." Қурмонбек Боқиев ҳамчунин, раҳбари давлати муваққат Роза Отунбоеваро ба музокирот ба назди худ даъват кард. Хонум Отунбоева ба хабаргузории Ассосиейтед Пресс гуфтааст, ба шарте амнияти Қурмонбек Боқиевро таъмин мекунанд, ки аз мақомаш истеъфо дода ва Қирғизистонро тарк намояд. Қурмонбек Боқиев, рӯзи ҳафтуми апрел баъди тазоҳуроти хунин, ки бештар аз 80 кушта бар ҷой гузошт, аз шаҳри Бишкек фирор кард.
XS
SM
MD
LG