Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар маросими дафни Качинский ширкат мекунад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар маросими дафни Лех Качинский, раиси ҷумҳури Лаҳистон ва ҳамсари ӯ Мария, ки дар суқути ҳавопаймо дар Русия ҳалок шуданд, ширкат хоҳад кард. Роберт Гиббс, сухангӯи Кохи Сафед, рӯзи сешанбе гуфт, “раиси ҷумҳур ба шаҳри Краков сафар хоҳад кард, то таъзияи амиқи мо ба як муттафиқи муҳим ва боэътимодро баён кунад.” Лех Качинскийро бо ҳамсараш дар кохи Вавел дар шаҳри Краков дафн хоҳанд кард. Ин ҳарду ҳамроҳ бо 94 тани дигар рӯзи шанбеи гузаша ҳангоми суқути ҳавопаймо дар вилояти Смоленски Русия ҳалок шуданд. Павел Грас, сухангӯи ҳукумати Лаҳистон гуфт, аҷсоди 30 қурбонии дигари ҳавопайморо имрӯз ба Варшава интиқол хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG