Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле, ки садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва дигари кишварҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, дар Тоҷикистон занон ҳамчун мардҳо рӯ ба мардикорӣ оварда, дар бозорҳои дохилӣ кор меҷӯянд.

Рӯ овардани занон ба мардикорӣ дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Имрӯз вазъи фақру нодории хонаводаҳо, хӯронидану пӯшонидани фарзандон занонро маҷбур кардааст, то ба бозори меҳнат рӯ биёранд.

Манижа, яке аз ин занон, мегӯяд, аз тангии рӯзгор шаш моҳ боз рӯ ба мардикорӣ овардааст. Вай меафзояд, «тона-тона пиёзу картошкаро тоза мекунем. Қопча мекунем. Аз соати 7 то 5 бегоҳ, 10-20 сомонӣ меёбем. Зиндагиамон аз ҳамин ҳисоб аст...»

Манижа иқрор мекунад, ки барои ин корҳо зӯру бозуи мардона зарур аст, вале вай илоҷи дигаре надорад. Вай мегӯяд, бо ҳаққи заҳматаш ҳар рӯз 10 дона нон мехарад ва боқимондаи маблағро то хонаи падараш роҳпулӣ мекунад.

Манижа мегӯяд, бо сабаби вазъи бади иҷтимоии хонаводаашон ҳамагӣ то синфи 7 таҳсил кардааст ва ҳоло оиладор нашудааст.

Рақобат бо мардҳо

Мардикорзани дигар Ҳалима Наботова модари 4 нафар фарзанд аст. Вай мегӯяд, дар бозори мардикорон ҳам байни занон ва мардон рақобат аст. Мардон аз ӯҳдаи корҳои сохтмонӣ бештар мебароянд, вале намехоҳанд, ки занон ҳам дар паҳлӯи онҳо бошанд.

Ба мисли Манижа ва хонум Ҳалима занони мардикори тоҷик кам нестанд. Танҳо дар яке аз бозорҳои пойтахт, ки мо дидан кардем, теъдоди занони мардикор ба 60 нафар мерасад.

Ба гуфти роҳбарони бархе аз созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, бозори мардикории занон аввал дар Ӯзбакистон рушд пайдо кард ва таъсири ин раванд дар вилояти Суғд бештар ба назар мерасад.

Хайриниссо Расулӣ, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, ки бозори кори кирояи занон бештар дар вилояти Суғд рушд кардааст. Занон тариқи оилавӣ ва ё гурӯҳӣ корҳои саҳроиро бештар иҷро мекунанд.

Меҳнати сангин ва ҳақмузди ночиз

Бо вуҷуди заҳмати сангин занон назар ба мардон музди хеле камтар мегиранд. Ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, дар ивази меҳнати сангин ва соати кории барзиёд ҳамагӣ аз 10 то 20 сомонӣ мегиранд. Ва ин миқдор пул ҳам танҳо бо харидани 1 кг равған ва 10 нон кифоят мекунаду халос.

Занҳои мардикор мегӯянд, ки соҳиби маълумоти олӣ ё миёнаи махсус нестанд ва аз сабаби соҳибкасб набудан онҳо маҷбуранд, корҳоеро ки ҳуҷҷат ва ихтисос талаб намекунад, интихоб кунанд. Аксари ин занҳо аз синни 35 то 40-сола ва бештар аз инанд. Аммо духтарони ҷавон, ки низ дар байни кироякорон кам нестанд, мегӯянд, сармояе барои омӯзиши касб надоранд.

Биҳоҷал Раҳимова, раиси созмони ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт», мегӯяд, шакл гирифтани падидаи мардикории занон талаботи замон аст. Вале ин тамоюл пайомадҳои манфӣ дорад. Ва бояд ки давлат дар ҷодаи эҳёи корхонаҳои саноат ва беҳдошти вазъи иқтисодӣ ҷиддан тадбирҳо андешад.

Кор аз 5-и субҳ то 8-и шаб

Бозори занони кироякор дар паҳлӯи бозори мардикорон аст, вале занон худро зиёд намоён намекунанд, ҳарчанд дарёфти кор ба чашмрас будани онҳо бастагӣ дорад. Онҳо тӯда-тӯда интизор мешаванд, то ки савдогарони яклухтфурӯши меваю сабзавот барояшон шуғле диҳанд.

Мардони корфармо низ мегӯянд, ки мардикорони зан корҳои сабукро медиҳанд. Яке аз аз онҳо мегӯяд, “бо занҳо кор кардан хуб аст. Аз соати 5 саҳар то 8 шаб кор мекунанд. Чизе намегӯянд. Мо ҳам аз кори онҳо розӣ ҳастем».

Мавлавии Муҳаммадалии Файзмуҳҳамад, рӯҳонии маъруфи ҲНИТ мегӯяд, ки бо назардошти он ки 99 дарсади ҷомеаи Тоҷикистон мусулмон аст, ислом иҷрои кори вазнинро барои ҳамсарон манъ кардааст, бахусус мардикории занонро. Вай афзуд, «ноогоҳии занон аз ислом ва ҳуқуқҳяошон аст, ки аз мардон масъулият талаб намекунанд. Ва паҳлӯи дигар, сатҳи пасти иқтисодии кишвар аст, ки занонро низ маҷбур кардааст пайи нони хеш ба бозор ва дигар корҳои вазнин рӯ оваранд».

Талошҳои Кумитаи кор бо занон

Маърифат Шокирова, корманди Кумитаи кор бо занон мегӯяд, ки аз рушд ёфтани бозорҳои занони мардикор дар Суғд Кумита огоҳӣ дорад. Вале то кунун Кумита теъдоди ин занҳоро расман ба қайд нагирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи кор бо занон дар садади роҳандозии барномаҳо бо касбҳои дузандагӣ ва пазандагӣ барои занҳост.

Муҳаммадҷон Набиев, равоншиноси тоҷик, бар ин назар аст, ки рӯ овардани занон ба бозори меҳнати кироя, дур шудани онҳо аз тарбияи фарзанд ва ҳифзи оилаи солим аст. Ин ҳолат аз коста шудани оилаи тоҷик, ки сутуни ҷомеа ва давлат аст, дарак медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукуматро зарур аст, ки барои пешгирии ин тамоюл барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ гардонад. Дар акси ҳол занони тоҷик низ роҳи ҳиҷрат ба хориҷи кишварро пеш хоҳанд гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG