Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Обама дар анҷумани амнияти ҳастаӣ


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз ҳушдор дод, ки таҳдиди истифодаи террористҳо аз силоҳи атомӣ меафзояд.
Обама дар анҷумани амнияти ҳастаӣ дар Вошингтон гуфт, “шабакаҳои террористие, чун Ал-Қоида талош доранд, маводи лозим барои тавлиди силоҳҳои ҳастаиро ба даст биоранд.”
Ӯ аз кишварҳо хост, то 4 соли дигар барномаи мушаххаси ҳифзи маводи ҳастаиро тасвиб кунанд.
Дар анҷумани Вошингтон Украина ва Канада эълон карданд, ки аз ураниуми дар сатҳи баланд ғанишуда даст хоҳанд кашид. Қарор аст, имрӯз дар Вошингтон вузарои хориҷаи Амрикову Русия Ҳилларӣ Клинтон ва Сергей Лавров ба як қарордод дар заминаи плутониуми низомӣ имзо кунанд.
XS
SM
MD
LG