Пайвандҳои дастрасӣ

Отунбоева шарти истеъфои Боқиевро мепазирад


Роза Отунбоева, раҳбари ҳукумати худхондаи муваққати Қирғизистон ба Ассошиэйтед Пресс гуфт, давлати ӯ дар сурати истеъфо ва тарки кишвар кардани раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев амнияти ӯву аҳли хонаводаашро замонат медиҳад. Қурмонбек Боқиев имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар зодгоҳаш – рустои Тейити вилояти Ҷалолобод гуфт, дар сурати тазмини амнияти ӯву пайвандонаш истеъфо хоҳад дод: “Ман дар кадом сурат истеъфо хоҳам дод? Пеш аз ҳама дар сурате ки онҳо ин ҳама гаштугарди афроди силоҳбадаст, ғасбу тақсими амволро хотима диҳанд. Ва, албатта, дар сурати тазмини амнияти ману аҳли хонавода ва пайвандони ман.”
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати муваққат ба Боқиев то поёни имрӯз фурсат додааст, ки худро таслим кунад, вагарна боздошт хоҳад шуд. Боқиев ба дунболи ошӯбҳои 7 апрел, ки беш аз 80 кушта ба ҷо гузошт, аз Бишкек ба зодгоҳаш – Ҷалолобод фирор кард.
Роза Отунбоева имрӯз ҳамчунин гуфт, ки қарордоди яксолаи истиқрори пойгоҳи низомии Амрико дар Қирғизистон моҳи июл ба муҷарради хатми замони эътибораш ба таври автоматӣ тамдид хоҳад шуд. Имрӯз дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун низ ҳамаи ҷонибҳои рақиб дар Қирғизистонро ба ҳалли мусолиматомези баҳсҳо даъват кард.
XS
SM
MD
LG