Пайвандҳои дастрасӣ

Донишгоҳи ба номи Назарбоев имсол боз хоҳад шуд


Тобистони имсол дар Остона, пойтахти Қазоқистон, донишгоҳи ба номи раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев боз хоҳад шуд. Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов гуфт, барои донишҷӯёни ин мактаби олӣ 500 бурси вижа таъсис ёфтааст.
Ҷамъи толибилмони донишгоҳи ба номи Назарбоев 20 000 гуфта мешавад, ки ибтидо дар се бахши умдаи муҳандисӣ, улуми табиӣ ва тибб таҳсил хоҳанд гирифт. Соли 2012 дар ин донишгоҳ риштаҳои тиҷорат ва сиёсати иҷтимоӣ низ таъсис хоҳанд ёфт.
XS
SM
MD
LG