Пайвандҳои дастрасӣ

Абдураҳмони 24, сола, ки се сол аст дар хатсайри рақами 2- и пойтахт бо “тангем”- аш мусофиркашӣ мекунад, мегӯяд, акнун ҳар рӯз таваккалӣ ва бо як фикр, аз хона берун мешавад, ки оё имрӯз ӯро чӣ интизор аст ва сарнавишти ин манбаи даромадаш чӣ мешавад?

Ин нигаронӣ тақрибан 2 ҳафта аст ӯ ва ҳама ронандаҳои дигари мусофирбари маъруф бо номи “Тангем”-ро дар Душанбе, ки аксарият ҷавононанд домангир аст. Зеро бар тибқи як дастури шаҳрдорӣ ба тадриҷ бояд, ҳаракати ин навъи нақлиёт, ки ба гуфтаи масъулин ба талаботи мусофиркашӣ мутобиқат намекунад, дар ҷодаҳои пойтахт манъ карда шавад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Абдураҳмон ронандаи ҷавон мегӯяд, аксари онҳо бо ин роҳ зиндагии хонаводаҳои бузургашонро таъмин мекунанд.

“Баъзе бачаҳо бо кор дар тангем 3-4 оилара мехӯронанду мепӯшонанд. ҳаракати ин ҳам, ки манъ шавад, дигар ин хонаводаҳо чӣ кор мекунанд? Шахсан мо дар хона се оила зиндагӣ мекунем ва ман танҳо худам кор мекунам.”


“Тангем” нақлиёти истеҳсоли чинӣ ва як навъи серистифодаи нақлиёти мусофиркаш бори аввал 5 соли қабл, вақте сокинони кишвар ба мушкили шадиди нақлиётӣ ру ба рӯ буданд вориди Тоҷикистон шуда, дар як муттади кӯтоҳ тавонист бозори дигар анвои нақлиёт, ҳатто таксиҳоро ҳам танг кунад.

Ин навъи мусофирбар, ки дар тули 5 сол арзиши роҳкирояш бетағир боқӣ монду ба гуфти аксарият ҳатто дар пойин бурдани маблағи роҳкирои таксиҳо ҳам мусоидат карда аз ҳама муҳим барои аксар ҷавонон як роҳи хуби даромад ҳам гашт.

Онҳо бо гирифтани иҷора ва ё қарзу бо маблағҳои аз руссия ҷамъ овардаашон “Тангем” харидорӣ намудаву бо ин роҳ то ҳадде мушкилоти бекории худро рафъ мекарданд. Имрӯз тибқи бархе оморҳои шумори мусофиркашҳои “Тангем” дар кишвар тахминан ба 4 ҳазор мерасад, ки гуфта мешавад ҳудуди 80 дар сади онҳо ба ронандаҳои ҷавон таалуқ доранд.

Тангем дар ҳоли ҳозир яке аз воситаҳои аслии нақлиёти шаҳрӣ дар Душанбест
Аксари ин ҷавонон бо таасуф мегӯянд, дар сурати манъ шудани ҳаракати “тангемҳо” намедонанд ба чӣ коре машғул хоҳанд шуд. Онҳо мегӯянд, бо амали шудани ин амр сафи бекорон дар кишвар боз ҳам афзунтар мешавад, ки ин паёмади хубе дошта наметавонад.

“Хайр ҳамин як ҷавон, ки 10 рӯз бекор ва бесум монд чӣ кор мекунад, ва бояд хонаводаашро таъмин кунад ва маҷбур мешавад ба ягон роҳ равад. Ман маълумоти ҳарбӣ дорам, вале бо бе маблағ дар куҷо кори хуб пайдо мекунӣ ҳоло. Бо ин 5, 10 сомоне, ки меёбем намешавад ин кора кард. Агар ҷамъ кунем як моҳ дар хона бе нону чой мемонанд ҳама.”

“.... Аз бекор ҳоли мо чӣ мешавад”

Аммо Абдулҳомид Шералиев муовини раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, ин тасмим ба хотири танзими ҳаракати нақлиёт дар шаҳр ва бехатарии мусофирон гирифта шудааст ва ба қавли ӯ ронандаҳои мусофирбарҳои “Тангем” метавонанд барои дарёфти ҷои кор ба корхонаҳои комуналии пойтахт муроҷиат кунанд ва ё ин мошинҳои худро фурухта, аз навъи Хундай Старекс ва ё Газел, ки иҷозаи ҳаракат дар шаҳрро доранд харидорӣ кунанд ва фаъолияти худро идома диҳанд.

Дар ҳамин ҳол Фирӯз Саидов ҷомеашиноси Тоҷик мегӯяд, дар ҳоле, ки аксари ҷавонон ба мушкили бекорӣ мувоҷеҳанд ва пойтахт ҳам ба таври кофӣ бо нақлиёти мусофирбар таъмин нест, масъулин бояд дар ин самт аҷала накунанд. Манъи тангемҳо дар ҷодаҳои пойтахт ба қавли ӯ дар шароити феълӣ роҳҳал буда наметавонад.

“Барои ҳамин ман фикр мекунам, ин “тангем”- ҳо худашон баъд аз 2 -3 сол аз бозори иқтисодӣ мебароянд, вале якбора ин масъаларо ҳал кардан даркор нест. Баъдан мегӯянд, ки ронандаҳои тангемҳо аксарият ҷавононанд ва онҳо ғайриқаноатбахш мошин ронда, ба садамаҳо дучор мешаванд, ман фикр мекунам онҳоро бояд хубу ҷиддӣ омӯзонд, на ин ки бо баҳонаи бетаҷрибагӣ аз кор пеш кард.”

Бояд гуфт ронандаҳои навъи мусофиркаши “Тангем” дар тули фаъолияти 5 сола дар шаҳр бештар аз дигар анвои нақлиёт ба мушкил ру ба рӯ мешуданд. Аз ҷумла чанд соли пеш бо “тангемҳо” аз ҷодаҳои марказӣ бардошта шуда буданд. Мусоҳибонам ронандаи “Тангемҳо” мегӯянд, то имрӯз дар ин ҷода ба хусус барои ронандаҳои ҷавон, ки камтаҷриба хонда мешаванд мушкилоти зиёде эҷод мешуд, вале бо сабаби набуди ҷойи кор онҳо бо таҳаммули ин ҳама мусофиркаширо бо “Тангем”, дар ҷодаҳои шаҳр идома медоданд, ки акнун ба тадриҷ аз ин имкон ҳам маҳрум хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG