Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол дар Русия 170 ҷангӣ боздошт шудаанд


Александр Бортников, раҳбари ФСБ, Хадамоти амнияти Русия гуфт, имсол алакай 170 нафаре, ки бовар меравад, чирикӣ бошанд, боздошт шуда ва мақосмот аз 10 ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Бортников ҳамчунин гуфт, омилон ва ташкилкунандагони ҳамлаҳои хунини 29 март дар ду истгоҳи метрои Маскав, ки 40 кушта ба ҷо гузошт, ва бомбгузориҳои низ хунини ду рӯзи баъд дар Доғистон алакай ошкор шудаанд.
Аммо ӯ аз гуфтани ҷузъиёти бештар худдорӣ варзид.
Бортников ҳамчунин гуфт, 26 ҷангии дахил дар ҳамлаи хунини моҳи ноябр алайҳи қатори роҳи оҳани Маскав – Санкт-Петербург аз байн бурда шуда, 14 ҷангии дигар дар иртикоби ин парванда боздошт шудаанд. Масъулияти ҳамла ба ин қатор ва ҳам таркишҳо дар метрои Маскавро раҳбари ҷудоиталабони чечен Доку Умаров бар ӯҳда гирифтааст.
XS
SM
MD
LG