Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо сокини деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб рӯзи дуввум аст, ки ба нишони эътироз аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе–Чаноқ гирдиҳамоӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, барои убури гузаргоҳи шоҳроҳ, ки дар дохили ин деҳа сохта шудааст, маҷбуранд 7,5 сомонӣ пардохт кунанд.

Деҳаи Ҳушёрӣ дар 40-километрии шаҳри Душанбе воқеъ аст ва гузаргоҳи дуввуми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар маркази ин деҳа сохта шудааст. Ба гуфтаи гирдиҳамомадагон, масъулини гузаргоҳ барои истифодаи роҳ дар дохили ин деҳа, ки ҳамагӣ 200 метрро ташкил медиҳад, бештар аз меъёр роҳпулӣ талаб мекунанд.

Шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ ягона роҳи мошингард дар деҳаи Ҳушёрист. Пулакӣ шудани ин роҳ сокинони ин деҳаро ба мушкилиҳои зиёде рӯбарӯ кардааст. Онҳо мегӯянд, барои рафтан ба бемористон, мактаб ва дидорбинии наздикон низ маҷбуранд пули роҳро пардохт кунанд.




Роҳи Душанбе-Чаноқ ду ҳафта қабл пулакӣ эълон шуд. Тибқи нархномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, қимати убури ҳар як километри ин роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шудааст.

Идораи зиддиинҳисории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар барномаи пулакӣ кардани ин роҳ арзонтарин таруфаҳо тасдиқ шудаанд. Истифода аз ин шоҳроҳ барои васоити нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул хоҳад хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG