Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар анҷумани Теҳрон 15 кишвар ширкат хоҳанд кард


Эрон мегӯяд, дар анҷумани халъи таслиҳоти ҳастаӣ дар Теҳрон вазирони хориҷаи 15 кишвар ширкат хоҳанд варзид. Ин анҷуман, қарор аст, рӯзҳои 17 ва 18 апрел дар пойтахти Эрон баргузор шавад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ромини Меҳмонпараст аммо аз овардани исми кишварҳое, ки дар ин анҷуман ширкат карданианд, худдорӣ кардааст.
Анҷумани Теҳрон ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз анҷумани амнияти ҳастаӣ дар Вошингтон, ки раҳбарони қариб 50 кишвари ҷаҳонро ҷамъ овард, доир мешавад. Эрон, ки Амрико онро ба пешбурди барномаи сохтани силоҳҳои ҳастаӣ айбдор мекунад, дар анҷумани Вошингтон ширкат надорад.
XS
SM
MD
LG