Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зери хатар мондани барномаҳои СММ дар Покистон


СММ мегӯяд, барномаи кӯмакҳои башариаш дар Покистон ба маҳзи камбуди сармоягузории тарҳҳои муҳим зери хатар мондааст. Дафтари ҳамоҳангсозии умурии башарии СММ гуфт, аз 500 миллион долларе, ки имсол барои кӯмак ба беҷошудагони покистонӣ лозим дорад, то кунун танҳо 20 дарсад ба даст омадааст. Ин дафтар мегӯяд, набуди маблағ ироаи ёриҳои ҳаётие чун ғизову беҳдоштро ба хатари ҷиддӣ рӯбарӯ мекунад. Барномаи хӯроквории СММ гуфтааст, кӯмакҳояш ба беҷошудагон танҳо то поёни моҳи май кифоят мекунад. Теъдоди беҷошудагон дар Покистон 1,3 миллион нафар баровард мешавад, вале шумори онҳое, ки худро аз манотиқи ошӯбзада ба урдугоҳҳои беҷошудагон мезананд, ҳамарӯза дар ҳоли афзоиш будааст.
XS
SM
MD
LG