Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳди нави Амрикову Русия ҷиҳати коҳиши таслиҳот


Қарор аст, Русияву Амрико имрӯз ба созишномае имзо кунанд, ки коҳиши амбори таслиҳоти плутониуми ин ду кишварро дар назар дорад. Вузарои хориҷаи Амрикову Русия Ҳилларӣ Клинтон ва Сергей Лавров ба ин ёддошт дар рӯзи дуввуми анҷумани амнияти ҳастаӣ дар Вошингтон имзо хоҳанд гузошт.
Дар рӯзи аввали ин анҷуман Украина эълон кард, ки то соли 2012 амборҳои ураниуми дар сатҳи баланд ғанишудаашро аз байн хоҳад бурд. Канада эълон кард, ки маводи сӯхти ҳастаии истифодашударо ба таъминкунандааш – Амрико бар хоҳад гардонд.
XS
SM
MD
LG