Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видоъи мардуми Лаҳистон бо ҷанозаи Качинский


Ҷанозаҳои раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский ва ҳамсари ӯ Мария имрӯз барои видоъи мардум дар Кохи раёсатҷумҳурӣ дар пойтахт, шаҳри Варшава гузошта шуд. Лех Качинский ҳамроҳ бо завҷааш ва 94 тани дигар, ки аксар аз нухбагони сиёсиву давлатии Лаҳистон буданд, рӯзи шанбе дар натиҷаи сониҳаи ҳавопаймо дар наздикии шаҳри Смоленски Русия ҳалок шуданд. Ин ҳайъати бузург бояд дар Катин, минтақае дар ҳошияи Смоленск, дар маросими ёдбуди 22 000 лаҳистоние, ки 70 сол қабл аз ҷониби нирӯҳои Шӯравӣ қатли омм шуд, ширкат меварзид.
Вазири беҳдошти Русия гуфт, то кунун аҷсоди қариб нисфи қурбониёни ин сониҳа шиносоӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG