Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адиби тоҷикистонӣ сазовори "Русская премия" шуд


Алишер Ниёзов, як адиби зодаи Тоҷикистон, барои силсилаи ҳикоёташ бо номи “Фарҳоду Ширин” барандаи ҷоизаи маъруфи “Русская Премия” дар жанри достони кӯтоҳ шуд.
Ҷоизаҳои 5000-долларии “Русская Премия” 5 сол боз ба беҳтарин адибоне дода мешавад, ки дар хориҷ аз Русия бо забони русӣ эҷод мекунанд.
Алишер Ниёзов, ки феълан дар Қирғизистон ба сар мебарад, бо забони русӣ менависад ва силсилаи “Фарҳоду Ширин”-ро ӯ бо тахаллуси Алексей Торк нашр кардааст.
“Русская Премия” барои беҳтарин асари назмӣ ба Мария Тиматкова аз Амрико ва барои беҳтарин роман ба Марям Петросиён аз Арманистон барои китоби “Манзиле, ки дар он…” эъто шуд.
XS
SM
MD
LG