Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид зимни гузориш аз натоиҷи сафараш аз Осиёи марказӣ гуфт, ба раҳбарони ин қаламрав як паёми “сода ва рӯирост” расондааст: барои СММ масъалаи дифоъ аз ҳуқуқи башар “як нуктаи аслист”.

Бан Кӣ Мун гуфт, ки ин паёмро ба раҳбарони ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ расонда ва ҳамчунин ба онҳо гуфтааст, демократия танҳо дар шароити вуҷуди як ҷомиаи қавии мадании мабнӣ бар ҳукми қонун, эҳтироми ҳуқуқи башар ва озодии баён метавонад арзи вуҷуд кунад.

Ӯ гуфтааст: “Ман аз раҳбарони минтақа даъват кардам, то меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва он ҳама паймонҳоеро, ки онҳо низ имзо кардаанд, комилан муроот ва иҷро кунанд. Ман аз онҳо ҳамчунин даъват кардам, тавсияҳоеро, ки Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар пайи арзёбиҳои давра ба даврааш ироа мекунад, пурра иҷро кунанд“.

Исми Туркманистон ва Узбакистон, ду кишвари Осиёи Марказӣ, ки Бан Кӣ Мун тайи силсиласафари якҳафтаинааш дар оғози моҳи апрел аз он ду низ дидан кард, дар раддабандии “Фридом Ҳауз”, як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқи башар, дар радифи бадтарин поймолкунандагони ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони муосир меояд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз Бан Кӣ Мун даъват карда буданд, нақзи ҳуқуқи инсон дар ин ду кишварро маҳкум карда ва аз ин силсиласафараш бо ҳадафи беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ҳадди аксари истифодаро барад. Он ҳам дар ҳоле ки Бан Кӣ Мун ба ҳайси раҳбари як ниҳоди мӯътабар, вале бетарафи ҷаҳонӣ мулзам аст, дар қиболи мавзӯъи ҳассоси ҳуқуқи инсон мавзеъи ҳаддалимкон боназокаттареро интихоб кунад.

Боздиди Бан Кӣ Мун аз Қирғизистон дуруст ду рӯз қабл аз ҳаводисе иттифоқ уфтод, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 80 нафар ва суқути давлати раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев шуд.

Дабири кулли СММ гуфт, рӯйдодҳои Қирғизистонро “бо таваҷҷӯҳи хеле зиёд” пайгирӣ мекунад ва фиристодаи хосаш Ян Кубиш ҳанӯз дар поёни ҳафтаи гузашта ба Бишкек расидаву то 15 апрел дар Қирғизистон хоҳад монд.

Ӯ гуфт: “Ӯ бо тамоми ҷонибҳо мулоқот карда, бо фиристодаҳои САҲА ва дигарон ба хотири барқарор кардани як тартиботи қонуние, ки ба орзуҳои мардуми Қирғизистон эҳтиром қоил бошад, аз наздик ҳамкорӣ мекунад”.

Сухангӯи дабири кулли СММ Мартин Несиркӣ таъйид кард, ки дар ҷараёни боздиди Бан Кӣ Мун аз Қирғизистон дар ҳафтаи гузашта, ноиби ӯ дар масоили сиёсӣ, Линн Паско бо раҳбари мухолифини қирғиз, Роза Отунбоева низ мулоқот карда буд.

Ҷузъиёти ин гуфтугӯ нашр нашудааст, вале Несиркӣ гуфт, Бан Кӣ Мун дар ҷараёни боздидаш ҳассосияти ихтилофҳои сиёсӣ дар он кишварро эҳсос карда буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабарҳо, ҳукумати муваққати Қирғизистон як идда аз сафирони ин кишвар, аз ҷумла сафири Қирғизистон дар Амрико Замира Сиддиқова ва намояндаи доимиаш дар СММ Ҷиянбоевро барканор кардааст. Аммо як корманди намояндагии Бишкек дар СММ гуфт, ки Ҷиянбоев ба ифои масъулиятҳояш идома медиҳад.

Аммо аз ҳарду шумораи телефонҳои сафорати Қирғизистон дар Вошингтон фақат садои як паёмгир меояд, ки мегӯяд, “хотираи паёмгир пур шудааст”.

Бан Кӣ Мун гуфт, дар баҳсҳояш бо раҳбарони ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ як мавзӯъи аслии матрӯҳа масъалаи идораи манобеъи табиии минтақа, пеш аз ҳама манобеъи обу энержии ин қаламрав буд.

Ӯ мегӯяд: “Танишҳо ҳар сол аз нав буруз мекунанд. Зимни боздид аз баҳри Арал дар Узбакистон ба сол ман қабристони киштиҳоеро дидам, ки дар байни регистон лангар партофтаанд. Дар байни регистоне, ки як замон умқи баҳр буд. Ҳалли мулоиматомези ин танишҳо аз роҳи гуфтугӯ ва музокирот аз масъулиятҳои муштараки нафақат раҳбарони танҳо ин минтақа, балки кулли ҷомиаи байналмилалист”.

Бар изофаи фоҷиаи Арал, баҳси афзояндаи Тоҷикистону Узбакистон бар сари шеваи истифода аз манобеъи оби минтақа низ батадриҷ ба як таҳдиди дигар ба амнияти минтақа табдил меёбад. Тоҷикистон эълон карда, ки мехоҳад обанбор ва нирӯгоҳи Роғунро бисозад. Аммо Узбакистон ба тарҳи мазкур шадидан мухолифат нишон медиҳад.

Тошканд нигарони он аст, ки бунёди обанбори Роғун дар оянда обёрии заминҳои кишти пахтаи Узбакистонро дучори мушкил хоҳад кард. Душанбе ин нигарониро беҳуда хонда, мегӯяд, қодир ба истифодаи ҳамагӣ 5 фоизи манобеъи обаш мебошад.

Беш аз 60 дарсади захоири оби Осиёи Марказӣ аз кӯҳистони Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва тақсими об ҳамчунон як мояи аслии баҳсу танишҳои доимӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG