Пайвандҳои дастрасӣ

Суръати фурӯши саҳмияҳо боз ҳам кундтар шудааст


Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода, ки то 10 апрел аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун 807 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 184 миллион доллар ба даст омадааст. Тоҷикистон саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун ба маблағи 6 миллиард сомониро аз 6 январ ба фурӯш гузошт ва дар тамоми расонаҳои давлатӣ маъракаи густардаи таблиғотиеро ба роҳ андохт. Вале агар то поёни моҳи январ аз фурӯши ин саҳмияҳо қариб 700 миллион сомонӣ ба даст омада бошад, сипас суръати фурӯши саҳмияҳо башиддат кунд шуд ва тайи 2 моҳу 10 рӯзи баъдӣ саҳмияҳои Роғун ба маблағи ҳамагӣ чизе бештар аз 100 миллион сомонии дигар ба фурӯш рафтааст.
XS
SM
MD
LG