Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи Роғун дар Тоҷикистон қатъ мешавад?


Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, маъракаи тарғиботи расмии сохтмони нирӯгоҳи Роғунро қатъ кунад. Дар ин бора раҳбари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул Аксел Шиммелпфенниг ба хабарнигорон хабар дод ва гуфт, ӯро дар ин бора дар мулоқоти рӯзи 12 апрел раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараён гузошт. Оқои Шммелпфенниг гуфт, ҷамъоварии маболиғ барои Роғун ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузошт, чунки маблағи бадастомада аз фурӯши саҳмияҳои Роғун алакай ба 3 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар шудааст. Ӯ афзуд, ҳукумати Тоҷикистон мефаҳмад, ки бо чунин суръат ҷамъ овардани маблағ дигар имкон надорад ва аз ин ба баъд суръати фурӯши саҳмияҳои Роғун башиддат кунд хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG