Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси куммиссиюни экологии Маҷлиси намояндагон


Дар Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, як кумиссиюни парлумонии экологӣ таъсис ёфт, ки 15 вакили парлумонро фаро мегирад. Муҳокимаи масоили марбут ба муҳити зист дар сатҳи парлумон аз аҳдофи аслии таъсиси ин куммиссиюн ном бурда мешавад.
Куммиссиюни экологӣ дар парлумони Тоҷикистон ба дунболи тасмими давлати Узбакистон аст, ки дар ҳайъати нави парлумони он кишвар 15 курсиро ба намояндагони Ҷунбиши экологии Узбакистон ихтисос додааст. Ин Ҷунбиш дар поёни моҳи март дар навоҳии мухталифи вилояти Сурхондарё алайҳи фаъолияти ТАЛКО, ширкати алюминии Тоҷикистон, як силсила тазоҳуроти эътирозӣ барпо карда буд.
XS
SM
MD
LG