Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбинии АДВ дар бораи рушди иқтисоди Тоҷикистон


Бонки осиёии рушд дар пешбинии нави иқтисодиаш, ки рӯзи 13 апрел нашр шуд, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равонро дар ҳудуди 4 дарсад ва барои соли оянда – 5 дарсад пешбинӣ мекунад. Коршиносони Бонки осиёӣ мегӯянд, коҳиши маблағи пули муҳоҷирони тоҷик, кам шудани тақозо ба фаровардаҳои содиротии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ боис шуд, ки дар соли 2009 суръати рушди иқтисоди ин кишвар назар ба 7,9 дарсади соли 2008 беш аз ду маротиба коҳиш ёфта, ҳамагӣ 3,4 дарсадро ташкил диҳад.
Мизони таваррум дар Тоҷикистон, тибқи ин пешбинӣ, имсол 10,8 ва соли оянда 9,5 дарсад хоҳад шуд.
Бонки осиёии рушд ҳамин тавр суръати рушди иқтисоди Узбакистон дар соли ҷориро 8,5 фоиз пешбинӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG