Пайвандҳои дастрасӣ

Дар палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон комиссияи махсус оид ба масоили муҳити зист ташкил меёбад.

Муҳаммадато Султонов, масъули дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, ба торнамои Озодӣ гуфт, ба ҳайати ин комиссия 15 нафар аз вакилони мардумӣ, мутахассисони соҳа шомил хоҳанд шуд.

Ҷаноби Султонов гуфт, ҳадафи аслии ин комиссия баррасии масоили марбут ба муҳити зист дар сатҳи порлумон мебошад. Ӯ гуфт, комиссия таваҷҷӯҳи асосии худро ба масоили зистмуҳитӣ дар қонунҳо равона хоҳад кард.

Саид Ёқубзод, раиси Кумитаи аграрӣ ва экологии Маҷлиси намояндагон ва узви комиссиюни навтаъсис, низ мегӯяд, ҳадафи аслии таъсиси ин ҳайат танҳо посух додан ба иддаои Узбакистон нест.

Вай афзуд, «албатта комиссиюни мо дар ҳолати баҳси ду давлат дар маъалаи зистмуҳитӣ хулосаи худро пешниҳод хоҳад кард. Вале таъсиси ин комиссиюн маҳз барои вокуниш ба митинги Тирмиз, ки гӯё корхонаи арзизи Тоҷикистон ҳавои Узбакистонро олуда мекарда бошад, вобаста нест.

Комиссиюни мазкур аз 15 узв иборат буда, вакилони шинохта ба мисли Шодӣ Шабдолов, Саид Ёқубзод, Муҳиддин Кабирӣ, академик Амир Қарақулов ва дигарон шомили ин комиссиюн мебошанд. Ҳамчунин вазорату ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ бо ин комиссиюн ҳамкорӣ хоҳанд кард. Қарор аст, раҳбари ин комиссия, фардо рӯзи 14–уми апрел дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.

Талошҳои вакилони мардумӣ барои ташкили комиссияи махсус оид ба масоили муҳити зист дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи январ дар порлумони Узбакистон, фраксияи Ҷумбиши экологҳои ин кишвар, ки он ҳам аз 15 нафар иборат аст, ба кор оғоз кардааст.

Дар ин авохир ин вакилони порлумони Узбакистон дар тарҳрезии чанд иқдом алайҳи Талко фаъол буданд, аз ҷумла роҳпаймоиҳои эътирозӣ дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон. Созмонҳои зистмуҳитии Узбакистон ва вакилони «эколог»-и кишвари ҳамсоя мегуфтанд, корхонаи “Талко”- и Тоҷикистон боиси афзоиши бемориҳои мухталиф дар миёни сокинони навоҳии марзии Ӯзбакистон шудааст. Ҳарфе, ки Талко дафъатан онро рад мекунад.

Мушкили дигар миёни ин ду кишвар нерӯгоҳи Роғун аст, ки ҷониби Узбакистон ин мушкилро муҳитзистӣ медонад, вале ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, баръакс, бунёди ин нерӯгоҳ бар иловаи ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум, ба нафъи муҳити зист дар минтақа низ хоҳад буд.

Саиди Ёқубзод, раиси кумитаи кишоварзӣ ва экологии Маҷлиси намояндагон, аммо рабт доштани таъсиси чунин як комиссия ба иқдомоти ахири вакилони узбакро рад кард ва гуфт, пешниҳоди таъсиси чунин як комиссия қабл аз он воқеаҳо шуда буд. Собиқ вазири оби Тоҷикистон гуфт, зарурат ба чунин як комиссия ҳаст, ва он метавонад на танҳо ба баррасии мушкилоти марбут ба экология дар дохили Тоҷикистон, ҳамчунин, ба баҳсҳои беруна низ метавонад тамаркуз кунад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон, гуфт, бар иловаи 15 вакили узви комиссия пешниҳод ҳаст, ки то 50 коршинос низ ба фаъолияти он ҷалб шавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG