Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ноҳияи Рудакӣ олимпиадаи ҷумҳуриявии муҳассилини мактабҳои миёнаи кишвар ифтитоҳ ёфт, ки дар он ҳудуди 800 толибилми боистеъдод, ки баъд аз ба даст овардани ғолибият дар се давраи озмун, ба давраи ниҳоӣ роҳхат гирифтаанд, ширкат хоҳанд кард.

Дар ин сабқат тайи чор рӯз хонандагони синфҳои 11 аз рӯйи 16 фанни таълимӣ рақобат хоҳанд кард. Шокирҷон Гадоев, масъули кумитаи тадорукоти озмун, гуфт, соли ҷорӣ хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои типпи нав ё литсей-гимназияҳо дар алоҳидагӣ савияи донишҳояшонро месанҷанд.

Саҳни ҳавлии мактаб-парваришгоҳи солимгардонии ноҳияи Рудакӣ аз хонандагоне, ки аз саросари ҷумҳурӣ барои санҷидани донишу маҳораташон омада буданд, пур буд. Баъзе дар даст китоб, гурӯҳи дигар бо ҳамсолонашон барои ширкат дар озмун омодагӣ медиданд. Қариб ҳамаи онҳо дар сӯҳбат ба «Ояндасоз» мегуфтанд, ки ба нерӯи худ эътимод доранд ва барои ба даст овардани ҷойҳои аввал сахт кӯшиш хоҳанд кард.

Шукуфа, аз Бадахшон гуфт, ӯ дар озмуни вилоятӣ бо навиштани иншои беҳтарин дар мавзӯъи «Роғун - хонаи обод ва нури хонадон» пирӯз шудааст. Меҳрангез Нозирова, толибаи мактаби президентии шаҳри Чкаловск, ки аз фанни табиатшиносӣ қувваозмоӣ хоҳад кард, мегӯяд, ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷӯҳ дорад, зеро, мехоҳад дар оянда дандонпизишк бошад.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи кишвар, гуфт, олимпиадаи имсола бо тағйироти зиёд аз солҳои қаблӣ фарқ карда, шумори ширкатдоронаш низ ду маротиба афзудаст. Ба гуфти вазири маориф, яке аз тағйироти ҷиддӣ ин аст, ки аз ин ба баъд танҳо ғолибони давраи ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ шонси иштирок дар озмун барои соҳиб шудан ба бурси байналмилалии таҳсил дар хориҷи кишвар, «дурахшандагон»-ро пайдо хоҳанд кард. Гуфтанист, барои имсол тибқи бурси байналмилалии таҳсил аз ҳисоби ҳукумати кишвар, 48 донишҷӯ барои таҳсил ба Эрон, Амрико, Малайзия, Фаронса ва Олмон фиристода хоҳанд шуд.

Қаблан, ҳар як донишҷӯйи тоҷик, ки хоҳиши идомаи таҳсил дар донишгоҳои хориҷӣ кишварро дошт, метавонист дар давраи эълон шудани қабули ҳуҷҷатҳо ба ин ё он донишгоҳи хориҷа, санадҳои худро пешниҳод намояд ва баъд аз супурдани имтиҳон соҳиби бурси таҳсил бигардад.

Аммо солҳои ахир, бо сабабҳои номувофиқ будани сатҳи дониши бархе аз донишҷӯёни тоҷик, ҳодисаҳои хориҷ шуданашон аз донишгоҳҳои хориҷӣ, ё як соли дигар ба курсҳои тайёрӣ гузаронидани онҳо кам набуданд. Ба хотири пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо, тибқи як қарори нав ҳуқуқи ширкат дар озмуни бурсҳои таҳсил дар кишварҳои муштаракулманофеъ низ ба иштирокчиёни даври чоруми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дода мешавад. Айни замон Русия барои донишҷӯёни тоҷик ҳудуди 100 ва Туркия 30 бурс ҷудо кардааст.

Гуфтанист, имсол муваффақияти хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байнулмилалӣ низ кам набудааст. Шокирҷон Гадоев меафзояд, ахиран ҳудуди 94 муҳассил, ки барои рақобат бо ҳамсолонашон ба Екатеринбурги Русия ва Туркия сафар карда буданд, бо 85 медал ба ватан баргаштанд, ки аз ин шумор 27-тояш тилло, 30 медали нуқра ва боқимонда биринҷӣ будаанд. Дастовардҳои мазкур аз фанҳои физика, риёзӣ, кимиё, табиатшиносӣ ва забонҳои русиву англисӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG