Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ягона корхонаи коркарди ангат баста шуд


Бо дастури маркази беҳдошт ва вогиршиносии Бадахшон, фаъолияти корхонаи коркарди рустаниҳои дорувории «Помир» бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудани ҳолати санитарӣ муваққатан баста шуд.

Ба гуфтаи сардори корхона Давлатшо Зеваршоев, ин ягона корхонаи коркарди ангат дар ҷумҳурӣ, ҳамчунин, бино бар кӯҳнашавӣ ва фарсудашавии воситаҳои истеҳсолӣ ва қарздорӣ дар назди идораи андоз ба муфлисшавӣ рӯбарӯ гардидааст. Вай гуфт, корхона бо истеҳсоли шарбат ва равғани ангат шӯҳрат дошт, аммо бо гузашти 24 сол аз таъсиси он, аз таҷҳизоти фарсудашуда маҳсулоти тозаро истеҳсол кардан қариб ғайриимкон шудааст. Сардори корхона мегӯяд, аммо агарчанде вай тайи солҳои охир дари бонкҳои минтақаро барои дарёфти қарз ба мақсади таъмиру тармим ва хариди воситаҳои нави истеҳсолӣ охурча кардааст, аммо кӯшишҳояш бенатиҷа анҷом шудаанд. Вай афзуд, давлатӣ будани ин ягона корхонаи истеҳсолӣ дар Хоруғ боис шудааст, ки бонкҳо аз қарз додан ба корхона худдорӣ варзанд.

Сардори бахши вилоятии «Амонатбонк» Азизшо Ғарибшоев мушкилоти баргардондани қарз аз корхонаҳои давлатиро сабаби асосии дастхолӣ мондани масъулини корхонаи «Помир» мешуморад. Вай изҳор изҳор дошт, ки қарзҳои бонкӣ ба шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ танҳо бо пешниҳоди гарав дода мешаванд, аммо амволи корхонаҳои давлатиро бе ризоияти вазоратҳои дахлдор ва кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ба гарав гузоштан мумкин набуда, муомилоти қарзӣ дар ин маврид расмияти бештар мехоҳад ва бонкҳо эҳтиёткорона рафтор мекунанд, зеро, дар сурати муфлисшавӣ мусодира кардан ва ба фурушу музояда гузоштани амволи корхонаи давлатӣ душвортар аст.

Масъулини идораи сармоягузорӣ ва амволи давлатии вилоят мегӯянд, тобеъияти ҷумҳуриявӣ доштани амволи корхона барои ба сифати гарави бонкӣ пешниҳод намудани он мушкилот пеш овардааст.

Мутахассисон нигаронанд, ки иқтидори истеҳсолии корхона, ки барои коркарди 50 тонна ангат ва тайёр намудани миқдори зиёди шарбату ду тонна равғани ангат пешбинӣ шуда, метавонист, дар як сол ба буҷа то як миллион сомонӣ даромад ворид созад, ба муфлисшавӣ расидааст ва барои аз ин ҳолат берун баровардани он иқдомоте пеш гирифта намешавад.

Сардори корхона мегӯяд, вазорати тандурустии кишвар таноби ин охирин корхонаи фарсуда ва фалаҷгардидаи аз лиҳози моли зиёновари давлатиро дар дасташ нигоҳ медорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи сардори корхона, вазорат тайи даҳсолаҳои охир фақат як бор бидуни дархост таҷҳизоти сохти туркии ба мисли хушккунаки ҳаблро дар ихтиёрашон қарор додааст, ки онҳо барои корхона ба кор намебиёянд ва дар анбор хоб рафтаанд.

Ба иддаоъи сардори корхона, алҳол дар дорухонаҳои ҷумҳурӣ як шишачаи шарбати гули хуҷаста 4 сомонӣ нарх дорад, ҳол он ки солҳои қабл дар Бадахшон то 150 тонна гули хуҷаста ба корхонаҳои саноати доруворӣ интиқол мешуд ва бо навсозии корхона имкон дорад, ки чунин намуди дорувориҳо ду баробар арзонтар ба харидорон пешкаш шаванд.
XS
SM
MD
LG