Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрикову Русия захираҳои плутониумро коҳиш медиҳанд


Русия ва Амрико, имрӯз дар мавриди коҳиши захираҳои плутониуми лозим барои бомби атомӣ созишнома имзо хоҳанд кард. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ва ҳамтои русаш Сергей Лавров ин санадро дар рӯзи дуввуми нишасти байналмилалии амнияти ҳастаӣ дар шаҳри Вашингтон имзо хоҳанд кард. Дар рӯзи аввали ин нишаст, Украина эълом кард, ки захираҳои ураниуми ғализашро то соли 2012 аз байн хоҳад бурд. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина гуфт: Захираҳои мавҷуди ураниуми ғализ дар Украина барои тавлиди чанд бомби атомӣ кофӣ будааст. Канада эълом дод, ба ҳайси бахши аз ибтикори таъмини амнияти маводи атомӣ, сӯхти ҳастаиашро ба Амрико бармегардонад.
XS
SM
MD
LG