Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси кумиссиёни махсус дар порлумони Тоҷикистон


Дар палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон кумиссиюни махсус оид ба масоили муҳити зист ташкил ёфтааст. Муҳаммадато Султонов, масъули дафтари матбуоти Маҷлиси Намояндагон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки ба ҳайъати ин кумиссиюн 15 нафар аз вакилони мардумӣ шомил хоҳанд буд. “Ҳадафи аслии ин кумисюн баррасии масоили марбут ба муҳити зист дар сатҳи порлумон мебошад”,- афзудааст ӯ. Қарор аст, раҳбари ин кумисюн, рӯзи 14 –уми апрел дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон интихоб шавад. Талошҳои вакилони мардумӣ барои ташкили кумисюни махсус оид ба масоили муҳити зист дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи январ дар порлумони Узбакистон, фраксиюни Ҷумбиши экологҳои ин кишвар, ки он ҳам аз 15 нафар иборат аст, ба кор оғоз кардааст.
XS
SM
MD
LG