Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати баландпояи Амрико озими Бишкек шуд


Як мақоми баландпоияи Амрико барои мулоқот бо раҳбарони ҳукумати муваққати Қирғизистон озими шаҳри Бишкек шудааст. Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, бо Роза Отунбоева, раҳбари ҳукумати муваққат ва дигар аз мақомоти он мулоқот хоҳад кард. Вай нахустин дипломати баландпояи Амрико хоҳад буд, ки баъди фирори раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев аз Бишкек ба инҷо сафар мекунад. Дар тазоҳуроти хунини рӯзи ҳафтуми апрел дар Бишкек 82 нафар ҷон доданд ва ба гуфтаи Роберт Блейк, аксари қурбониён аз дасти тарафдорони Боқиев ҳалок шудаанд. Дипломати амрикоӣ гуфтааст, Амрико ҳукумати муваққатро ба расмият нашинохтааст ва тағйири ҳукуматро ҳам табаддулот арзёбӣ намекунад. Роберт Блейк гуфт, ки қасди мулоқот бо Қурмонбек Боқиев надорад.
XS
SM
MD
LG