Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина аз истифодаи ураниуми ғализ даст мекашад


Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украин гуфт, кишвараш аз тамоми захираҳои ураниуми ғализ даст хоҳад кашид, ки моддаи лозим барои тавлиди бомбҳои атомист. Ӯ рӯзи душанбе дар шаҳри Вашингтон гуфт: "Украина тасмим гирифт, ки ба ибтикори ҷаҳонии манъи густариши маводи атомӣ бипайвандад ва реакторҳояшро барои кор бо ураниуми ғализии кам мувофиқ хоҳад кард. Ва дар замони кӯтоҳе, тамоми захираҳои ураниуми ғализ аз Украина ихроҷ карда хоҳад шуд." Виктор Янукович, дар ин бора пас аз мулоқоташ бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико эълом дод. Захираҳои мавҷуди ураниуми ғализ дар Украина барои тавлиди "чанд бомби атомӣ" кофӣ будааст.
XS
SM
MD
LG