Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лаҳистон мунтазири ташхиси ҳуввияти қурбониён


Як мақоми расмии Лаҳистон гуфт, кишвараш мехоҳад, расми дафни раиси ҷумҳур Лех Качинскийро рӯзи шанбе баргузор намояд. Ба гуфтаи Ячек Сасин, сухангӯи дафтари раёсати ҷумҳур, мақомот маросими дафнро ба рӯзи шанбе барномарезӣ кардаанд, аммо қарори ниҳоӣ ба масъалаи интиқоли тамоми аҷсоди 96 қурбонии суқути ҳавопаймо ба Лаҳистон вобаста аст. Дар миёни қурбониён ҳамчунин ҳамсари Лех Качинский ва даҳҳо мақомоти баландпояи расмӣ ва низомӣ ҳам ҳастанд. Қарор аст, имрӯз ҷасади Мария Качинска, ба Варшава интиқол ёбад. Мақомоти Русия ва Лаҳистон то кунун саргарми ташхиси ҳуввияти бисёре аз қурбониёне ҳастанд, ки рӯзи шанбе ҳангоми суқути ҳавопаймояшон дар вилояти Смоленски Русия ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG