Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев мегӯяд, омодаи музокирот аст, аммо...


Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, агар мухолифонаш хоҳони музокирот ҳастанд, пас бояд ба назди ӯ биёянд. Ӯ зимни гуфтӯгу бо гурӯҳе аз хабарнигорон дар зодгоҳаш рустои Тейит, дар ҷануби Қирғизистон таъкид намуд, ки ҳанӯз ҳам раиси ҷумҳури қонунии Қирғизистон буда ва омода аст, бо рақибонаш гуфтӯгу намояд: "Ман омодаи музокирот ҳастам ва барои расидан ба натиҷае мо бояд сари мизи музокирот биншинем. Онҳое, ки худро ҳукумати муваққатӣ мешуморанд агар доир ба Қирғизистон ва рушду ояндаи он фикр мекунанд, пас бифармоянд, ба ман тамос бигиранд, ман ҳозирам бо онҳо музокирот кунам." Ҳукумати муваққатӣ дар ин кишвар, Боқиевро дар марги 81 нафар дар тазоҳуроти хунини рӯзи 7 апрел гунаҳкор дониста ва хоҳони истеъфои ӯст. Аммо Қурмонбек Боқиев гуфт, ки худро дар марги тазоҳургарон гунаҳкор намедонад. Пеш аз ин гуфтӯгу, Қурмонбек Боқиев дар зодгоҳаш дар ҳузури гурӯҳе аз тарафдоронаш суханронӣ намуда гуфт, ки барои ҷалби ҳимоят дар ҷануб талош дорад.
XS
SM
MD
LG